Асосӣ Дар бораи мо Ҳаёт дар Ҳумо Таърихи муваффақияти мизоҷон Счастливый водитель маршрутного такси…

Счастливый водитель маршрутного такси…

Маълум аст, ки дар пойтахти Ҷумхурии мо душвории ҷиддии таъминот бо нақлиёти ҷамъиятии  муттасил  вуҷуд дорад ва маҳз бо ҳамин сабаб касби ронандаи самтии хизматрасонии нақлиётӣ (такси) хело серталаб мебошад.

Камолов Хукматулло Сунатуллоевич  ронандаи дорои таҷрибаи кории 7-сола мебошад, ки ҳамаи кӯчаҳо ва роҳҳои пойтахтро медонад ва зиёда аз як сол мешавад, ки дар хатсайри 5 «А» фаъолият карда истодааст.


« …Рӯзи кории ман аз соати шаши субҳ оғоз меёбад. Пеш аз оғози рӯзи корӣ дар навбати аввал ман мошинамро пурра аз назар гузаронда, муҳаррики он, сатҳи равғаннокӣ, мавҷудияти сузишворӣ ва тозагии дохили онро тафтиш мекунам ва танҳо баъди ин корҳоро анчом додан ба самти хатсайрам ҳаракат мекунам. Идора кардани нақлиёт ва ҳамзамон аз мусофирон ҳаққи роҳкироро гирифтан аввалҳо бароям хело душвор буд. Рӯзҳои аввали кориам дар хатсайр аз мусофирон маблағи роҳкироро гирифта ба рӯяшон нигоҳ накарда мепурсидам, ки ба киҳо чи қадар бақия додан лозим аст. Лекин айни замон ман таҷрибаи лозимиро андӯхтаам ва ҳатто бе мавҷудияти равшани дар дохили мошин метавонам муайян намоям, кӣ ба ман чӣ қадар маблағ додаанд» - бо табассум мегӯяд Ҳукматулло.

Тараққиёту пешравии технологияи навинро дар соҳаи истеҳсолоти мошин ва ҳамаруза пайдо шудани воситаҳои нақлиёти замонавиро дар бозор назорат карда, Ҳукматулло худро мутмаин сохт, ки нақлиёти ҷамъиятии замонавӣ  бояд хусусиятҳои баланди бехатариро доро бошад  ва барои мусофирон ҳадди лозимии роҳатро таъмин намояд. Аз рӯи ин андешарониҳо хулоса бароварда, қаҳрамони мо автобуси хурди мусофиркашонии тамғаи «Форд Транзит»-ро интихоб намуд, лекин, мутаассифона, нархи нақлиёти интихобнамудааш аз назардошти ӯ баландтар будааст. Акнун дар назди Ҳукматулло вазифаи муҳимтарини харҷи зудтар пайдо намудани маблағи иловагӣ барои хариди ин намуди нақлиёт гузошта шуд ва ӯ қарор дод ин маблағро аз як дусти наздикаш қарз гирад. Вале, чун маълум гашт, рафиқаш дар ин вақт душвориҳои молиявӣ доштааст, лекин ба ҳар ҳол, ӯ ба Ҳукматулло маслиҳат дод, ки ба ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» барои дастгири муроҷиат намояд, чунки рафиқаш худ аз хизматрасониҳои молиявии ин Ташкилот мунтазам  истифода мебарад.

Ҳукматулло аз рӯи гуфтаи дусташ амал намуд. Ба Маркази Хизматрасонии Бонкии Ташкилот, ки дар бозори «Фаровон» ҷойгир аст, муроҷиат намуда, ҳамаи хуҷҷатҳои заруриро пешниҳод карда, ба таври фаврӣ маблағи лозимии қарзро гирифт ва дар муддати кӯтоҳ мошини мусофиркашони  дилхоҳи тамғаи «Форд-Транзит»-ро дастрас намуд.

«…Касби ронандаи хизматрасони хатсайри  мусофиркашон масъулият ва ҷавобгарии баландро нисбат ба ронандаҳои муқаррарӣ талаб менамояд» - мегӯяд Ҳукматулло. «Идора кардани мошини  ҳаҷмаш калон – микроавтобус назар ба мошинҳои майда душвортар аст, чунки мувофиқат намудан ба низоми роҳҳо, сари вақт манъ кардан бо талаботи мизоҷон, назорати нишонаҳои сарироҳи ва чароғакҳо, яъне ҳамаи ин амалҳоро бояд ба таври зуд ва бехатар барои мусофирон ва дигар атрофиён иҷро намудан лозим меояд. Ман хело хушбахтам, ки акнун мошини орзу доштаамро соҳиб гашта метавонам ва ба мизоҷонам хизматрасонии бароҳатро таъмин намоям – онҳоро ба ҷои кору таҳсилашон ё ин ки ба хонаи хешовандонашон расонам ва аз ҳамин сабаб ба ташкилоти «Ҳумо» миннатдории бепоёнамро изҳор менамоям, чунки ҳамкории дутарафаи мо муносибати дустон ва шарикони қарину меҳрубонро мемонад» — бо изҳори қаноатманди суханашро хотима дод Хукматулло Камолов ва мо низ барояш дар роҳи умеду орзуҳои навин барору комёбиҳоро таманно мекунем.

бозгашт ба рӯйхат