ҳаҷми қарз
мӯҳлати қарз
рушди тиҷорат, хариди таҷҳизот, хароҷоти шахсӣ
Дар сомона ариза пур кунед ва дар давоми 3 рӯз ҷавоб гиред
Эксперти қарзӣ бо шумо тамос мегирад ва ба офис даъват мекунад
Бо нақд ё онлайн

«Орзу» – маҳсулоти қарзиест, ки ба воситаи он метавонед маблағро нақд дар хазинаҳои филиалҳо ё онлайн гиред, инчунин молҳоро ба насия дар доираи лимити муқарраршуда
Ҳангоми пайваст кардани «Орзу» мо ба шумо барои 5 сол хатти қарзӣ мекушоем.
Ин маъно дорад, ки шумо дар давоми ин муддат ба лимити муайяни қарзӣ дастрасӣ доред. Шумо метавонед онро қисман ё пурра мувофиқи ниёз истифода баред, ҳам дар замима онлайн ва ҳам бо гирифтани қисме аз маблағ дар хазинаҳои филиалҳо.
Кумитаи қарзии «Ҳумо» қобилияти пардохт ва таърихи қарзии шуморо таҳлил мекунад, сатҳи даромад, ӯҳдадориҳои амалкунанда ё қарзҳоро ба назар мегирад ва пас аз он лимити шахсиро муайян мекунад.
Бештар аз қарз истифода баред ва муҳимтар аз ҳама – пардохтҳоро сари вақт анҷом диҳед, то ки таъхир нашавад.
Ҳангоми беҳтар шудани таърихи қарзӣ ба шумо имконияти зиёд кардани лимит дода мешавад. Шумо инчунин метавонед ба филиал ташриф оварда, бо корманди қарзие, ки ин маҳсулотро ба шумо додааст, тамос гиред. Баъдан аризаро барои зиёд кардани лимит пешниҳод намоед. Кумитаи қарзӣ дархости шуморо дар давоми як рӯзи корӣ баррасӣ мекунад.