Асосӣ Дар бораи мо Ҳаёт дар Ҳумо Хайрия Иқдоми хайриявӣ бахшида ба рӯзи иди Ғалаба барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Благотворительная акция в честь дня победы для участников ВОВ.

Иди Ғалабаи бузурги 9-уми май, яке аз муҳимтарин ҷашнҳои кишвари мо  мебошад. Дар таърихи кишварамон ин даҳшатноктарин, таъсирбахштарин ва беҳтарин ид ба шумор меравад. Гузаштагонамон барои муҳофизати ояндаи мо ҷони худро дареғ надошта, ба мо имконият доданд, ки дар сулҳ ва озодӣ зиндагонӣ намоем. Дар арафаи иди Ғалабаи бузург, ташкилоти Ҳумо барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  иқдоми хайриявӣ гузаронид. Кормандони Ташкилот ба хонаи панҷ нафар иштирокчиёни ҷанг:  Сафаров Шариф, Содиқов Содиқ, Абдуллоев Хаскаш, Чилин Николай ва Турсунова Маҳбуба ташриф оварданд. Аз ташрифи меҳмонон иштирокчиёни ҶБВ хушҳол шуданд. Онҳо кормандони ташкилотро хеле хуш пазируфтанд ва аз тӯҳфаҳо бениҳоят шод шуданд.

Иштирокчиёни ҷанг аз хотираҳои худ ба мо ҳикоя карданд. Турсунова Маҳбуба мегӯяд, ки дар солҳои ҷанг ӯ ҳамроҳи ҳамсараш разведкачӣ буданд. Онҳо ҳама мусибатҳои вазнини ҷангро аз сар гузаронида, баъдан якҷоя хушбахтона умри дароз диданд. Инчунин, соли 2010 ба ҷашнгирии иди 9-уми май  Турсунова Маҳбубаро ба шаҳри Москваи Федератсияи Руссия даъват намуда буданд, ки дар он ҷо ӯро Владимир Владимирович Путин  шахсан табрик карда, тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Иштирокчии ҷанг Содиқов Содиқ 91 сол умр дорад. Ӯ дар ҷанг аз рӯзи аввал то охир иштирок кардааст. Ҳангоме ки ҷанг сар шуд  Содиқов Содиқ дар аскарӣ хизмат мекард ва ҷанг сабаби он шуд, ки ӯ 7 соли умрашро дар хизмат  гузаронид. - «Меҳр ба Ватан, ба озодӣ ба мо кӯмак кард, ки аз ҳамаи даҳшат ва фоҷиаи ҷанг гузарем. Боварӣ ба ғалаба ба мо қувват бахшид, ки ҳамаи ин бадбахтиҳоро паси сар карда, ғолибиятро ба даст орем»-мегуяд Содиқов Содиқ.

Мутаассифона солҳо мегузаранд ва иштирокчиёни мо хеле кӯҳансол шудаанд. Баъзе аз онҳо ҳатто имконият надоранд, ки мустаъқилона сухан гуянд ва ҳаракат кунанд. Мо дар чашмони онҳо ашки шодӣ дида, ба хулоса омадем, ки як лаҳза диққати мо то чи андоза  онҳоро шод мегардонад. Дунё гузарон аст ва сол аз сол ҷанговарони мо кам шуда истодаанд. Ин одамон қаҳрамонанд, онҳо ба ҳама душвориҳои ҳаёт нигоҳ накарда, борои оянда ва озодии мо бо марг мубориза бурданд. Ҳамду сано бар Шумо, таъзими бепоён ва ташаккури зиёд!


бозгашт ба рӯйхат