На пути к предпринимательству

Ман, Мавлонова  Матлуба  яке аз  мизоҷони фаъоли ташкилоти  «Ҳумо» мебошам  ва бо ин Ташкилот аз соли 2014-ум ҳамкори карда истодаам.

matlyuba.jpg

Фаъолияти соҳибкории худро ман 8 сол пеш оғоз намудам, ки дар он айём дар ягон ҷо кор намекардам, танҳо дар хона бо духтани либос машғул будам. Куртаҳои занонаро пора карда медухтам ва онҳоро баъдан дар бозор ба фурӯш мебаровардам. Дар ин ҷараён, рости ба ман бештар фурӯхтани  либосҳо писанд буд ва ман қарор додам, ҳарчи зудтар нуқтаи савдои худро дар бозор барои фурӯши либосҳои занона ва матоъҳо  ташкил намоям.

Вақте ки ман ба фурӯхтани борҳоям сар кардам, нуқтаи савдои ман ҳамаги аз 3 метри мураббаъ иборат буд, ки ин ба ман имконият намедод, миқдори лозимии маҳсулот ва матоъҳоямро ба фурӯш барорам.

Барои ҳалли ин душворӣ, яъне, барои зиёд кардани навъҳои маҳсулот ва васеъ кардани ҷои савдо ман ба ташкилоти «Ҳумо» барои гирифтани маблағ муроҷиат намудам.

Бо кормандони ин Ташкилот ҳамсӯҳбат гашта ахбороти лозимиро оиди шарту шароитҳои қарзӣ гирифтам ва дар муддати кӯтоҳ барои гирифтани маблағи лозимии қарз ҳуҷҷат пешниҳод намуда шартномаи қарзиро ба расмият даровардам, ки ин ба ман барои ҳалли тамоми мушкилотам имконияти лозимиро фароҳам овард.

Қарзамро мувофиқи шартномаи қарзи сари вақт ва ба пуррагӣ пардохт намуда, дар ин муддат тавонистам имкониятҳои хуб ва моҳиронаи истифодабарии қарзҳоро барои инкишофу вусъати фаъолияти соҳибкориам аз худ намоям. Ҳамин тариқ, ман мизоҷи доимии ташкилоти «Ҳумо» гаштам ва бо шарофати хизматрасониҳои ин Ташкилот  фаъолияти хариду фурӯшам  ба таври устувор пеш рафта истодааст.

Лекин, чи хеле, ки маълум аст, вақт дар як ҷо намеистад ва шарту шароитҳои бозор низ вобаста ба эҳтиёҷоти рузмарра, пешниҳодот ва таъсироти бӯҳрони молиявӣ ҳамеша тағйир меёбад ва ин соҳибкоронро водор месозад, ки нисбати кори худ бодиққату мулоҳизакор бошанд ва албатта ба ин тағйиротҳо мувофиқат намоянд, бо ин маслиҳатҳои муфиду тавсияҳои лозими ба ман партнери ман  — ташкилоти «Ҳумо»   ҳамеша кӯмак мерасонад.

Имрӯзҳо дар оилаи ман фарзандон ба камол расида истодаанд ва дар ояндаи наздик  душвории ташкили ҳаёти мустақилонаи оилавии онҳо ва  таъминот бо манзили зист ба миён меояд. Ва ман ҳамчун модар орзу дорам, ки ба фарзандонам ҳама шароити беҳтаринро пешниҳод намоям ва дар баробари шавҳарам, ки низ фаъолияти кори дорад, мехоҳам сахми худамро дар ин масъалаҳои ҳалталаби оилавии гуворо гузорам.

Ҳамкори бо «Ҳумо»  ба ман имкон дод, ки ба қувваи худам бовари ҳосил намоям ва ман итминони комил дорам, ки ҳама хоҳишу орзуҳоям амалӣ мегарданд!

бозгашт ба рӯйхат