Знания всегда в цене
Дониш талабу бузурги омуз,
То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.
Баъди хатми мактаби миёна ҳар як хонанда дар дил орзуи давом додани хониши худро дар макотиби олӣ мепарварад, чунки соҳибилму соҳибкасб гаштан дар замони муосир шахсро обруманду шарафманд мегардонад. Аммо, айни замон душвории дигаре низ вучуд дорад, ки маълумоти олӣ гирифтан бе маблағи муайян имконнопазир аст. Ҳангоми дохилшави ба донишгоҳҳо ҷойҳои буҷавӣ хело каманд ва озмун низ ниҳоят баланд мебошад. Баъзан мешавад, ки ба довталабон гирифтани шумораи лозимии баллҳо муяссар намегардад ва дар ин ҳолат на ҳамаи волидайн шароити пардохти маблағҳои пулии калонро барои соҳибмаълумот гардидани фарзандонашон доранд.
Кенҷаева Зилола Абдураҳмоновна сокини шаҳраки хурди Шаҳристон, бо душвории пардохти маблағи омузиши писараш Қараев Ёқуббек, ки донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мебошад, рӯ ба рӯ гашт. Аз нақли апаи Зилола:
«Ҳангоми вохӯри бо шиноси наздикам дар бораи донишомӯзии фарзандонамон сӯҳбат намудем. Духтари ӯ дар шӯъбаи пулакии яке аз донишгоҳҳои пойтахт таҳсил мекардааст. Ман пурсон шудам, ки то кадом дараҷа мушкил аст пардохти омӯзиш ва дигар хароҷотҳои марбута (хӯрока, истиқомат), хусусан дар ин даврони бӯҳрони иқтисоди, ки бо бовари гуфта намешавад, ки фардо чӣ мешавад? «Айни ҳол, аз ӯхдааш баромада истодаем, лекин соли оянда чӣ мешавад, намедонам, аз хамин сабаб барои пешгирии мушкилиамон чорахои заруриро андешидем, чунки намехостем, ки аз сабаби душворихои муваккатии молияви, духтарамон бе диплом монад». «Чи гуна чорахо андешидед?» - сараввал нафахмидам, ки у чиро дар назар дорад. - «Мо карз аз маҳсулоти кредитии «Таҳсил» аз ЧСП ТАКХ «Хумо» ба расмият даровардем» - чавоб дод шиносам.
Рости гап, ман дар ин бора тамоман нашунида будам. Аз дугонаам хохиш намудам, ки муфассалтар оиди ин масъала накл кунад ва у фахмонд, ки ин намуди махсулоти карзии Таҳсил аз ЧСП ТАКХ «Хумо» ба тамоми намуди маълумотгирихо дода мешавад: барои гирифтани маълумоти миёна ё оли, маълумоти иловаги, курсхои забономузи ва барои дигар намуди омузишхо бо хакки хизмати кулай ва мувофик пешниход мегарданд.
Ман аз накли шиносам хело хавасманд шудам. Бо шавхарам маслихат намуда ,карор додем,ки ба маркази хизматрасонии наздиктарини бонки дар шахраки Шахристон барои машваратгири мурочиат намоем. Аз кормандони филиал маълумоти дакику муфассал гирифта ба хулоса омадем,ки карзро ба расмият дарорем.Чамъоварии хуччатхои лозими 3 руз хамаги идома ёфт. Баъди ба охир расидани чараёни барасмиятдарори ман 5000 сомони аз руи махсулоти карзии «Тахсил» карз гирифтам.
Хулоса, ман гуфтани хастам, ки карз барои сохибмаълумот гаштан аз «Хумо» ба ман барои пардохти маблаги тахсили писарам кумаки беандоза расонд ва инчунин дархои илму маърифатро ба чахони донишандузи барои писарам боз намуда, имконият фарохам овард, ки дар Донишгохи дилхохаш тахсил намояд ва сохибкасбу сохибхирад гардад.