Асосӣ Дар бораи мо Маълумот Нишондиҳандаҳои мо

Нишондиҳандаҳои мо

Ташкилоти «Ҳумо» ба хизматрасонии аҳолии деҳот диққати махсус медиҳад, аз ин сабаб 77% и сандуқи карзии фаъол ба хизматрасонии аҳолии деҳот равона  шудааст. Зиёда аз 30%-и сандуқи қарзии ташкилотро, карзҳои гуруҳӣ ташкил медиҳанд, ки  ин  моҳияти  маблағгузории хурдро инъикос мекунад. Дар қарздиҳии гуруҳӣ гарав пешниҳод кардан зарур нест, танҳо кафолати аъзоёни гурўҳ лозим аст. Дар тамоми муддати фаъолияти худ, Ташкилот воситаҳои кори самаранокро дар карздиҳии инфиродӣ ва махсусан гурўҳӣ такмил дода, бо муваффақият истифода мебарад. Диққати махсусро ташкилот ба занҳо медиҳад, ки онҳо 44% аз шумораи умумии мизоҷони  фаъолро ташкил медиҳанд.