Асосӣ Дар бораи мо Маълумот Рисолат ва арзишҳо

Рисолат ва арзишҳо


Миссияи ҶСП ТАҚХ «ҲУМО»

ТАҚХ Ҳумо бозингари фаъоли бахши бонкӣ буда, доираи васеи хизматрасониҳои бонкии босифат ва имкониятҳои молиявии инноватсиониро ба аҳолӣ, намояндагони тиҷорати хурду миёна ва агробизнес, бо мақсади мусоидат намудан ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин менамояд.


Ҷиҳатҳои мусбӣ/ қавии мо:

Технологияи муосир ва пешрафтаи қарзӣ, таҷриба, инкишофи босуръат дар тӯли 16 сол, фарогирии васеи бозор дар вилояти Хатлон ва пурзӯр намудани мавқеъ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, таҳияи маҳсулотҳои нави рақамии дохилӣ, дастаи барномасозон бо имкониятҳои баланди инкишофёбӣ ва рақамисозии тиҷорат дар ширкат.

Муттаҳидии роҳбарият ва кормандон бо арзишҳои ягона, дар асоси саҳми шахсии ҳар як нафар дар рушди Ташкилот, новобаста аз ҷинс, ҷои истиқомат, сину сол ва дину мазҳаб. Пешравӣ дар мансаб танҳо бо кордонӣ, қобилиятҳои роҳбарикунӣ ва маҳорати ноилшавӣ ба ҳадафҳои гузошташуда.

Сегменти мизоҷони мо – сокинони деҳот ва шаҳр, соҳибкорони хурду миёна ва корпоративӣ мебошанд.

Ҳадафи дарозмӯҳлати мо (5 сол):
  • Табдил ёфтан ба яке аз бонкҳои пешсаф бо пешниҳоди технология баланди хизматрасониҳои моливӣ дар дохил ва хориҷи кишвар.
  • Дар сегонаи ташкилотҳои фоиданок будан дар бозори молиявии ҶТ (бо ROE).
Дар асоси ҳамгироии тарафҳои қавӣ/ мусбии Ташкилот, рақобат, тамоюлҳои рақамисозӣ дар соҳа ва хусусиятҳои муҳити берунӣ дар ҶТ, Ҳумо ба амалигардонии ҳадафҳо/ мақсадҳои зерини миёнамӯҳлат (3 сол) диққат медиҳад:

1. Дар қарздиҳии хурд, дар сегонаи ташкилотҳои пешсафи ҶТ будан.
2. Дар қарздиҳии онлайн, дар ҷои аввал шудан.
3. Аз рӯи интиқоли маблағ дар ҶТ 10% ҳиссаи бозорро ба даст овардан.
4. Ба сегонаи пешсафи ширкатҳои хизматрасонии Тоҷирон шомил шудан.

1. Такя намудан ба қобилиятҳои беҳамтои худ дар қарздиҳии фаврӣ ва идоракунии шабакаи воҳидҳои сохторӣ, мо пешсафии худро дар вилояти Хатлон мустаҳкам намуда, мавқеи худро дар Душанбе, ноҳияҳои тобеъи Ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд пурзӯр хоҳем кард.

2. Бо истифода аз захираҳои дохилӣ, HUMO Lab, технологияҳои қарзӣ, фурӯши фосилавӣ ва шабакаи воҳидҳои сохторӣ, мо маҳсулотҳои қарзиро бениҳоят қулай ва дастрас барои ҳар як давраи қарздиҳӣ омода менамоем.

3. Бо зиёд намудани шумораи мизоҷон, истифодабарандагони маҳсулотҳои мо (Ҳумо онлайн, кортҳои бонкӣ, қарзҳои мобилӣ) ва диққати махсус додан ба хизматрасонии шабакаи воҳидҳои сохторӣ, мо интиқоли пулӣ ва даромади комиссиониро дар ширкат зиёд менамоем.

4. Бо истифода аз тамоми захираҳои худ ва диққати махсус додан ба амалигардонии ҳадафҳо ва ҳалли мушкилоти инфиродию соҳавии тиҷорати хурд ва корпоративӣ, мо қарорҳои беҳтарин таҳия намуда, дар фурӯши шарикӣ ва агентӣ пешсаф хоҳем шуд. Қарорҳои беҳтарини соҳавии ҷоришударо дар филиалҳо васеъ/ паҳн хоҳем намуд.

Барои ҳалли бомуваффақияти ин вазифаҳо, мо салоҳиятҳоро дар соҳаи менеҷменти стратегӣ, идоракунии лоиҳаҳо (SCRUM), идоракунии сифат, идоракунии тағйиротҳо ва фурӯши якчандтарафа дар ширкат рушд менамоем.

Ҳангоми иҷрои ин фаъолият мо ба арзишҳои асосии худ такя менамоемғамхорӣ нисбати мизоҷон, фаврӣ, ташаббускорӣ, кор дар як даста, эҳтиром ва боварии тарафайн.