Кетеван Бочоришвили

Кетеван Бочоришвили

Аъзои Шӯрои Нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо»

Дорои таҷрибаи 23-солаи идоракунӣ буда, хонум Кетеван Бочоришвили ҳамчун ислоҳотчии пешбари муҳити тиҷорат ва навовари соҳаи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ эътироф гардидааст. Кетеван Бочоришвили, ба ҳайси ноиб-вазири Вазорати иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон, дар якчанд ислоҳоти муваффақ ва лоиҳаҳои давлатӣ, ки ба рушди бахши хусусӣ, соддагардонии бюрократизм ва диверсификатсияи иқтисод равона карда шудаанд, саҳми худро гузоштааст.

Дастовардҳои хонум Кетеван Бочоришвили бо унвони Forbes Woman дар соли 2017 сарфароз гардидааст, вай ҳамчунин аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҳамчун пешвои ҷавони глобалӣ дар соли 2019 интихоб шудааст.

Айни замон хонум Кетеван Бочоришвили шарики идоракунандаи ҶС “Business Georgia” буда, ба ширкатҳои бузурги байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар Гурҷистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла энергияи барқароршаванда, сайёҳӣ ва рушди амволи ғайриманқул, маориф, нақлиёт ва логистика, истеҳсоли кино ва ВАО машваратҳо медиҳад.

бозгашт ба рӯйхат