Асосӣ Дар бораи мо Хизматрасонӣ Ахборот Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Всемирный день защиты прав потребителей

Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (World Consumer Rights Day) ҳамасола дар тамоми ҷаҳон санаи 15 март ҷашн гирифта мешавад ва таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад.

Дар ин рӯз, соли 1961 Президенти ИМА Ҷон Ф. Кеннеди дар Конгресси ИМА суханронӣ карда, дар он бори аввал мафҳуми «истеъмолкунанда»-ро тавсиф намуд ва чор ҳуқуқи асосии истеъмолкунандаро номбар кард: ҳуқуқ ба иттилоот, ҳуқуқ ба амният, ҳуқуқи интихоб ва ҳуқуқ ба шунидан.

Иттиҳоди мустақили ғайритиҷоратии ғайрисиёсии истеъмолкунандагони тамоми ҷаҳон – Ташкилоти байналмилалии иттифоқи истеъмолкунандагон (Consumer International, CI), ки соли 1960 таъсис ёфтааст, баъдан соли 1985 Кодекси истеъмолкунандагонро боз чор қоидаҳои дигар илова намуд: ҳуқуқ ба ҷуброни зарар, ҳуқуқ ба таҳсилоти истеъмолкунандагон, ҳуқуқ ба қонеъ кардани ниёзҳои асосӣ ва ҳуқуқ ба муҳити солим.

Мақсад аз гузаронидани чорабиниҳои Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ин ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ин соҳа, баланд бардоштани саводнокии истеъмолкунандагон, огоҳсозии шаҳрвандон дар бораи муҳимтарин механизмҳои ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад .

Маълумоти муфассал: Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - РИА Новости, 15.03.2022 (ria.ru)

— Чӣ тавр истеъмолкунанда худро ҳимоя карда метавонад, агар муайян намояд, ки маҳсулот ё хизматрасоние, ки барои он пардохт кардааст, сифаташ паст баромадаанд?

Мутаассифона, истеъмолкунандагони мо аксар вақт дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ ғайрифаъол мебошанд, зеро онҳо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд ва ҳатто агар огоҳ бошанд ҳам, на ҳамавақт аз ҳуқуқҳои худ истифода мебаранд. Мутобиқи меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ӯ ҳуқуқ дорад бо хости худ яке аз вариантҳои зеринро аз фурӯшанда талаб намояд:

— иваз кардан ба моли тамғаи (модели, артикули) шабеҳ ва ё моли тамғаи (модели, артикули) дигар бо ҳисобу китоби дахлдори нархи хариди мол;

— бемузд бартараф намудани нуқсони мол ё ҷуброн намудани маблағе, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст;

— бекор кардани шартномаи хариду фурӯш;

— мутобиқан кам кардани нархи хариди мол.

Ҳамзамон истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли дорои сифати номатлуб ба ӯ расидаро талаб намояд.

Маълумоти муфассал: Харидор таҳти ҳимояи Қонун аст - Pressa.tj

бозгашт ба рӯйхат