Асосӣ Дар бораи мо Хизматрасонӣ Ахборот Подписание соглашения по проекту GEFF

Ахборот

БАТР ва Хазинаи иқлими сабз қарздиҳии «сабз»-ро дар Тоҷикистон пешбарӣ менамоянд

Маҷмӯи маблағгузорӣ дар ҳаҷми 4 млн доллари ИМА ба ТАҚХ «ҲУМО» дар доираи GEFF пешниҳод карда мешавад. Маросими расмии имзогузории созишнома санаи 5 апрел дар шаҳри Кулоб баргузор гардид.

GEFF Contract signing.jpg

ТАҚХ «ҲУМО» барои густариши маблағгузории «сабз» дар Тоҷикистон маблағи нав мегирад

  • Маҷмӯи маблағгузорӣ ба андозаи 4 млн доллари ИМА барои ТАҚХ «ҲУМО»

  • Пешбарии маблағгузории «сабз» дар Тоҷикистон дар доираи GEFF

  • Беҳтар намудани дастрасии технологияҳои «сабз» барои корхонаҳои хурду миёнаи маҳаллӣ

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаи иқлими сабз (ХИС) дастгирии корхонаҳои хурди Тоҷикистонро, ки омодаанд ба технологияҳои «сабз» сармоягузорӣ намоянд, идома дода, ба яке аз қарздиҳандагони хурди пешбари кишвар – ТАҚХ «ҲУМО» маблағгузорӣ пешниҳод менамоянд. Маросими расмии имзогузории созишнома санаи 5 апрел дар филиали ТАҚХ «Ҳумо» дар шаҳри Кулоб бо иштироки муовини раиси шаҳр ҷаноби Ҳамидиён Орзу баргузор гардид.

Маҷмӯи нави маблағгузорӣ ба андозаи 4 млн доллари ИМА аз ҷониби БАТР ва ХИС дар доираи Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз (GEFF) пешниҳод карда мешавад. Он аз қарзи БАТР ба андозаи 3 млн доллари ИМА, ки бо пули миллӣ дода мешавад ва маблағгузории имтиёзноки ХИС ба андозаи 1 млн доллари ИМА иборат аст.

ТАҚХ «ҲУМО» аввалин ташкилоти молиявӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳанӯз соли 2019 ба GEFF ҳамроҳ шуда, қарзи аввалинро бомуваффақият аз худ намудааст. Маблағҳои нав ба васеъкунии дастрасӣ ба технологияҳои «сабз» барои хонаводаҳои маҳаллӣ ва инчунин корхонаҳои хурду миёна (КХМ) мусоидат менамоянд.

Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби ХИС ва Ҳукумати Корея маблағгузорӣ мешавад, инчунин аз ҳисоби пардохтҳои ҳавасмандкунӣ дар доираи Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дастгирӣ мегардад, ки он ба баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши агробизнес мусоидат менамояд.

ТАҚХ «ҲУМО» ширкати фаръии Gojo & Company Inc., ширкати сармоягузории холдингии Токио мебошад, ки ба васеъкунии дастрасии хизматрасонии молиявӣ дар кишварҳои тараққикардаистода мусоидат менамояд. Он дуввумин ташкилоти калонтарини маблағгузории хурд дар Тоҷикистон буда, асосан ба тиҷорати хурд дар бахшҳои чакана ва кишоварзӣ хизмат мерасонад.

Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз (GEFF) қисми равиши гузариши Бонк ба иқтисоди «сабз» (GET) мебошад ва БАТР нақша дорад, ки ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ ва экологии худро васеъ намояд, ва то соли 2025 беш аз 50 фоизи сармоягузориҳои солонаи худро «сабз» кунад.

Тавассути GEFF, БАТР корхонаҳо ва хонаводаҳоеро, ки ба технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва «сабз» сармоягузорӣ мекунанд, дастгирӣ менамояд. Аз лаҳзаи татбиқи ин воситаи маблағгузорӣ ва бо дастгирии донорҳо, БАТР тавассути беш аз 170 ташкилотҳои молиявии иштироккунанда барои дастгирии беш аз 218 000 сармоягузории «сабз» дар 28 кишвари ҷаҳон зиёда аз 5 млрд евро ҷудо кардааст. Барнома барои пешгирӣ намудани тақрибан 9,5 миллион тонна партовҳои CO2 дар як сол кӯмак мерасонад.

То ба имрӯз БАТР тавассути 148 лоиҳа ба иқтисоди Тоҷикистон €854 млн евро сармоягузорӣ намудааст.

бозгашт ба рӯйхат