Асосӣ
Дар бораи мо
Хизматрасонӣ
Ахборот
Программа Финансирования Цепочки добавленной стоимости в агросекторе
Ахборот
Санаи 21.01.2022 сол вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва директори намояндагии минтақавии Бонки Рушди KfW дар Осиёи Марказӣ д-р Андреас Шнайдер дар маросими баимзорасонии Созишномаҳо оид ба интиқоли маблағҳо байни ВРИС ҶТ ва 5 ташкилоти молиявии маҳаллӣ, аз ҷумла ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» иштирок намуданд.Созишномаи мазкур оид ба пешниҳод намудани 2 млн. евро ба ТАҚХ "Ҳумо" барои додани қарзҳои дастрас ба корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистон, ки ба занҷирҳои арзиши иловашудаи кишоварзӣ муттаҳид шудаанд, шаҳодат медиҳад.
Зимни суханрониҳои худ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва директори намояндагии минтақавии Бонки Рушди KfW Андреас Шнайдер дар татбиқи барнома аҳамияти таваҷҷӯҳ намудан ба занон, ҷавонон ва ҷанбаҳои иқлимро таъкид намуданд.
Ҳамчунин, оид ба мутобиқати барномаи мазкур ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дар самти саноаткунонии босуръат ва саҳми барнома дар расидан ба ҳадафҳои муштараки мувофиқашуда дар доираи ҳамкории молиявии дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон қайд гардид.