Асосӣ Дар бораи мо Хизматрасонӣ Ахборот Визит Чрезвычайного и Полномочного посла Японии в ЗАО МДО «Хумо»

Визит Чрезвычайного и Полномочного посла Японии в ЗАО МДО «Хумо»

      Санаи 17-уми июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби АИКИ Тошихиро ва котиби сафорати Ҷопон Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума КАТОРИ Харуми ба саридораи Ташкилот ташриф оварданд.

      Мақсади асосии ташрифи Сафир ин шиносоӣ бо ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» буд, ки саҳмияҳои онро гурӯҳи ҷопонии GOJO & Company, Inc. харидорӣ намудааст. Дар рафти мулоқот Роҳбарияти Ташкилот оид ба таърихи рушди ташкилот, вазъи ҷорӣ ва инчунин нақшаҳои рушди минбаъда маълумот дод.

     Махсусан, қайд гардид, ки моҳи сентябри соли 2021 ширкати ҷопонии GOJO & Company, Inc. 76,48%-и саҳмияҳои ҶСП ТАҚХ «Ҳумо»-ро ба даст овард ва ба саҳоми асосии ташкилот табдил ёфт. Илова бар ин, моҳи феврали соли 2022 ширкати мазкур сармояи ташкилотро ба маблағи 3 миллион доллари ИМА зиёд намуда, ҳиссаи худро дар сармояи оинномавии ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ба 83% расонид. Дар маҷмӯъ, дар тӯли 6 моҳ, GOJO & Company, Inc. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардааст.

     Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки таълим ва рушди нерӯи инсонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи рушди ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» мебошад. Бо ин мақсад, Ташкилот дар соли 2020 Академияи рақамии худ “HUMO Digital Academy”-ро баҳри омода сохтани мутахассисони ҷавон дар соҳаи барномасозӣ, дизайн, таҳлил ва дигар ихтисосҳои рақамӣ, ки дар бозор серталаб мебошанд, ба роҳ мондааст.

    Дар фарҷоми мулоқот аз тарафи худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби АИКИ Тошихиро изҳор намуд, ки омода аст дар оянда ҶСП ТАҚХ «Ҳумо»-ро дастгирӣ намояд ва барои рушди ташкилот ҳиссаи арзандаи худро гузорад.      

бозгашт ба рӯйхат