
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Кордсозии анъанавии тоҷикӣ – ҳунарест, ки маҳорат, дақиқкорӣ ва сабру таҳаммулро талаб мекунад
Истаравшан, вилояти Суғд
Оҳани тафсон, садои зарбаи болға ва гармии оташдони оҳангарӣ – офаридани кордҳои анъанавии тоҷикӣ аз ҳамин ҷо оғоз меёбад ва барои офаридани ҳар як корд соатҳои зиёди меҳнати заҳматталаб ниҳон аст. Барои Собит Ҳамдамов кордсозӣ на танҳо ҳунар, балки мероси хонаводагӣ аст. Замоне бобояш Исҳоқ, баъдан падараш Собир ба ин ҳунар машғул буданд ва имрӯз Собит касби онҳоро идома дода, маҳорати се наслро ҳифз мекунад. Дар дастони ӯ як порча оҳани оддӣ оҳиста-оҳиста ба теғи зебо табдил меёбад. Ҳар зарбаи болға, ҳар хат ва хотамкории дастаи корд сабру таҳаммул ва дақиқиро талаб мекунад. Бо дидани кори усто дарк мекунед, ки дар паси хотамкории ҳар як корд на танҳо заҳмат, балки таърихи як хонавода нуҳуфтааст, ки тавассути он ҳунару анъанаи бостонӣ идома меёбад.

Бохтар, вилояти Хатлон

Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Кӯлоб, вилояти Хатлон