
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Бохтар, вилояти Хатлон

Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Истаравшан, вилояти Суғд

Салмони 14-сола аз Хоруғ аллакай муҳаббати худро ба мусиқӣ ба оҳангҳое табдил медиҳад, ки рӯзе шояд тамоми ҷаҳон онҳоро бишнавад
Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Баъзан шавқу ҳаваси бузург аз як кунҷковии оддӣ оғоз меёбад. Бо Салмони 14-сола аз шаҳри Хоруғ низ чунин шуд. Рӯзе, ӯ гитараи падарашро ба даст гирифт ва аз ҳамон лаҳза мусиқӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёташ табдил ёфт. Оҳангҳои аввалинро Салмон мустақилона омӯхт ва баъдан аз мусиқинавозони шинохта – Далер Назаров ва Сафоӣ Алифшоев сабақ гирифт. Имрӯз, Салмон ҷавонтарин узви гурӯҳи «Хоруғ Бэнд» буда, аллакай дар консертҳо ҳунарнамоӣ мекунад ва ҳатто се оҳанги худро эҷод кардааст. Бо вуҷуди шавқи зиёд ба мусиқӣ, Салмон дар литсей бо баҳои аъло таҳсил мекунад ва оилааш ҳамеша ӯро дастгирӣ менамояд. Дар оянда ӯ орзу дорад, ки оҳангсоз шавад ва ҳаёти худро ба мусиқӣ бахшад. Кӣ медонад, шояд рӯзе оҳангҳои ин гитарнавози ҷавон берун аз ҳудуди Помири азизаш низ садо диҳанд.