
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Бохтар, вилояти Хатлон

Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Истаравшан, вилояти Суғд
Қалби офтобии Душанбе, ки дар он таърихи шаҳр бо зиндагии пурҷӯшу хурӯши ҳаррӯзааш ба ҳам мепайвандад
Душанбе, пойтахти Тоҷикистон
Дар маркази шаҳри Душанбе, миёни кӯчаҳои серодам ва садои шаҳр, майдони Дӯстӣ ҷойгир аст, ки дар он муҷассамаи бошукӯҳи Исмоили Сомонӣ – рамзи таърих ва давлатдории Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар ин ҷо зиндагӣ лаҳзае ҳам қатъ намешавад: мошини зиёд дар хиёбон равонанд, садои суҳбати роҳгузарон ба гӯш мерасад, касе аз пайи кори худ мешитобад ва каси дигар бо оромӣ сайругашт карда, аз зебоии майдон лаззат мебарад. Нурҳои гарми офтоб муҷассамаи зарринро равшан карда, ба ин макон шукӯҳу таровати хоса мебахшад. Маҳз дар чунин маврид фазои Душанберо, чун – шаҳри барҳаёту офтобӣ бештар эҳсос мекунӣ, ки таърихи ғанӣ бо ҳаёти ҳаррӯза бо ҳам печидааст.