
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Мероси мусиқии Помир тавассути навоҳои рубоб ва маддои анъанавӣ
Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Замоншои 86-сола, зодаи Бадахшон, то ҳол аз рубоб ҷудо намешавад – созе, ки тақрибан 180 сол боз дар хонадони онҳо аз насл ба насл мегузарад. Ӯ ҳанӯз аз кӯдакӣ навохтани рубобро аз калонсолони хонавода омӯхтааст. Имрӯз Замоншо иҷрокунандаи жанри анъанавии маддо аст ва мусиқӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ӯ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди синну сол, ӯ ҳанӯз ҳам рубоб менавозад ва ҳунарашро ба наберааш меомӯзонад, то анъанаи хонаводагӣ идома ёбад. «Ман бисёр чизҳоро фаромӯш мекунам, аммо навохтанро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам», – мегӯяд ӯ. Вақте рубоби ӯ садо медиҳад, гӯё бо ҳар оҳанг саргузашти чандин насл зинда мешавад – наслҳое, ки мероси мусиқии Помирро бо меҳр ҳифз кардаанд.

Бохтар, вилояти Хатлон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Истаравшан, вилояти Суғд

Кӯлоб, вилояти Хатлон