
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Бохтар, вилояти Хатлон

Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Истаравшан, вилояти Суғд
Маконе, ки метавон аз ташвишҳои рӯзмарра дур шуда, ба олами ҳунари кулолгарӣ ғӯта зад
Душанбе, пойтахти Тоҷикистон
Кулолгарӣ санъатест, ки дар он як порча гили оддӣ дар дастони моҳири усто оҳиста-оҳиста шакл гирифта, ба як асари воқеии ҳунармандӣ табдил меёбад. Аз соли 2012 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳе фаъолият мекунад, ки меҳмононро бо ҳунари кулолгарӣ ва тарзи сохтани маҳсулоти сафолӣ шинос мекунад. Соли 2023 бошад, коргоҳи бароҳате кушода шуд, ки мо низ имкон пайдо кардем аз он дидан кунем. Дар ин ҷо ҳар кас метавонад худро дар нақши кулолгар бисанҷад: нармии гилро бо дастонаш эҳсос кунад, ба он шакл доданро омӯзад ва маснуоти худро созад. Зери садои оромкунандаи хос ба чархи кулолгарӣ ташвишҳои рӯзмарра канор мераванд ва худи раванди кор як фазои мусоид барои истироҳат, нумӯ додани қобилияти эҷодӣ ва ошноӣ бо ин ҳунари қадимӣ табдил меёбад. Ва шояд, аз ҳама гуворотарин ин мушоҳида кардани табдилёбии як порча гили оддӣ ба асари ҳунармандӣ бошад, ки бо дастони худ офарида шудааст.