
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Маконе, ки кӯли фирӯзаранг, кӯҳҳои баланд ва оромӣ фазои хосеро ба вуҷуд меоранд
Искандаркӯл, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд
Миёни кӯҳҳои бошукӯҳи Фон, дар баландии зиёда аз ду ҳазор метр, яке аз зеботарин кӯлҳои Тоҷикистон – Искандаркӯл ҷойгир аст. Оби фирӯзаранги он қуллаҳои кӯҳҳоро инъикос мекунанд ва ҳавои тозаву оромии атроф фазои дилнишину осудаеро ба вуҷуд меоранд. Ҳоло дар миёни мардуми ин диёр афсонаю ривоятҳои зиёд бо номи Искандари Мақдунӣ ва ин кӯл мавҷуданд. Гӯё вақти сафараш ба Ҳинд аз кӯли Искандар дидан менамояд ва ҳатто аспи дӯстдоштааш инҷо ғарқ шудааст. Дар забони суғдӣ «иск» маънои баландӣ, «дар» маконро мефаҳмонад. Азбаски Искандаркӯл дар баландии беш аз 2000 метр мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искодар» меномиданд ва ин шакли тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбад, ки ба ҳақиқат наздиктар аст. Искандаркӯл танҳо як кӯли зебоманзар нест. Ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон аст, ки мехоҳед лаҳзае инҷо дам гиред, нафаси чуқури ҳавои тоза кашед ва аз шукӯҳу зебоии табиати Ватан лаззат баред.

Бохтар, вилояти Хатлон

Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Истаравшан, вилояти Суғд