
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Фалак – жанри мусиқии анъанавии Хатлон, ки тавассути овоз ва созҳои мардумӣ эҳсосоти амиқ ва рӯҳи халқро ифода мекунад
Кӯлоб, вилояти Хатлон
Вилояти Хатлон бо фарҳанги мусиқии худ маъруф аст ва дар миёни онҳо фалак ҷойгоҳи хоса дорад – жанре, ки дар он эҳсосот, саргузашту қиссаҳо ва рӯҳу ҷони мардум таҷассум меёбанд. Дар шаҳри Кӯлоб ба мо муяссар шуд меҳмони як оилаи ҳунарманд шавем ва фалакро дар иҷрои зиндаи ҳунармандони шоистаи халқ бишнавем. Аз лаҳзаи нахустин садои оҳанг овози таъсирбахш ва садодиҳии созҳои миллӣ касро мафтун мекунанд, манзараҳои зебои Кӯлоб бошанд, ин лаҳзаҳоро боз ҳам хотирмонтар мегардонанд. Баъзе чизҳоро бо сухан баён кардан ғайриимкон аст ва фалак яке аз онҳост. Ин мусиқиро бояд бо дил шунид, то тамоми чуқурӣ ва зебоии онро эҳсос кард.

Бохтар, вилояти Хатлон

Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Истаравшан, вилояти Суғд