
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Бохтар, вилояти Хатлон

Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Истаравшан, вилояти Суғд
Ҳазорон занбӯри асал аз гулҳои кӯҳистони дараи Қаратоғ шаҳд ҷамъ оварда, онро ба асали хушбӯй табдил медиҳанд
Дараи Қаратоғ, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Дар миёни кӯҳҳои зебоманзари дараи Қаратоғ, дар наздикии шаҳри Турсунзода, як хоҷагии занбӯрпарварии хурд, бо 50 қуттии занбӯри асал ҷойгир аст. Дар ин ҷо, дур аз ғавғои шаҳр, ҳазорон занбӯр ҳар рӯз заҳмат кашида, аз гулҳои кӯҳӣ шаҳд ҷамъ мекунанд. Зиёда аз 40 сол аст, ки дар ин мавзеъ наслҳои занбӯри асал иваз мешаванд ва зиндагӣ бо услуби ба худ хос идома меёбад. Ин хоҷагии занбӯрпарварӣ дар як мавсим то 1,5 тонна асали хушбӯй медиҳад. Аҷиб ин аст, ки дар миёни даҳҳо қуттии ба ҳам монанд ҳар як занбӯр роҳи хонаи худро бехато меёбад. Дар ин олами кӯчак ҳама чиз тартиби хоси худро дорад: ҳазорон занбӯр, ҳазорон роҳ ва як натиҷаи – асали тиллоранг, ки гӯё дар ҳар қатраи он порае аз ин кӯҳҳо нуҳуфтааст.