
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Бохтар, вилояти Хатлон

Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Истаравшан, вилояти Суғд

Дар теппаҳои Хатлон рамаҳо мечаранд ва атрофро танҳо садои шамол ва паҳнои беканор фаро гирифтааст
Кангурт, ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон
Дар миёни баландиҳои беканору зебоманзари вилояти Хатлон ҳар рӯз рамаҳои сершумори гӯсфанду буз мечаранд. Дар ин ҷо, дур аз ғавғои шаҳр, чарогоҳҳои васеъ доман афрохтаанду, насими форам аз болои теппаҳо мевазад ва оромии табиатро танҳо овози чорво халалдор мекунад. Аз субҳи барвақт рамаҳо дар ҷустуҷӯи алаф оҳиста-оҳиста ба теппаҳо мебароянд, аз нишебиҳои гузашта, ба водиҳо мефароянд. Ин пайроҳаҳо барояшон мисли хонаи худ ошноянд. Чунин менамояд, ки онҳо ҳар гӯшаи ин мавзеъро хуб мешиносанд ва худро соҳибони ҳақиқии ин паҳноиҳо эҳсос мекунанд. Зиндагӣ дар ин ҷойҳо бо табиат ҳамоҳанг буда, фазои наҷиби ба ҳаёти деҳот хосро нигоҳ медорад.