
Январ
Бохтар, вилояти Хатлон

Бохтар, вилояти Хатлон

Поршинев, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Истаравшан, вилояти Суғд

Зиндагӣ аз субҳи барвақт миёни растаҳои рангоранг, бӯи хуши ҳанут ва суҳбатҳои пурҷӯшу хурӯш ҷӯш мезанад
Хуҷанд, вилояти Суғд
Овози савдогарон, бӯйи нони гарму меваҳои тару тоза, растаҳои хушкмева ва зираворӣ – инҷо бозори Панҷшанбе аст, ки аз субҳи барвақт меҳмононро бо шӯру ғавғо, рангҳои ҷолиб ва фазои нотакрори худ пешвоз мегирад. Номи бозор аз калимаи тоҷикии «панҷшанбе», яъне рӯзи панҷшанбеи ҳафта гирифта шудааст. Замоне, маҳз дар ҳамин рӯз савдогарон ва харидорон аз гӯшаҳои гуногуни минтақа ба ин ҷо меомаданд ва рӯзи оддиро ба як ҷашни ҳақиқии савдо табдил медоданд. Имрӯз, Панҷшанбе яке аз рамзҳои асосии шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Дар ин ҷо на танҳо ҳама чизи заруриро пайдо кардан мумкин аст, балки метавон маҳорати савдокунии худро санҷид, аз фурӯшандагон таманнои нек шунид ва меҳмоннавозии ҳақиқии тоҷиконро эҳсос намуд. Зеро Панҷшанбе танҳо бозор нест, балки маконест, ки таърих, анъана ва зиндагии ҳаррӯзаи шаҳр бо ҳам мепайванданд.