Шакли дархостро пур кунед ё ба наздиктарин филиал бо шиноснома муроҷиат намоед.
Корти Миллии беном дар филиалҳои Ҳумо – фавран дода мешавад, вале VISA ва Корти Миллии номӣ – дар давоми се рӯзи корӣ омода мегардад.
18 сол
Корти Ҳумо дар банкомати мо дармонд?
Ба рақами 544 занг занед ва мушкилро ба корманди маркази тамос ё филиале, ки банкомат ба он тааллуқ дорад, хабар диҳед. Пас аз инкассатсия корт ба филиал расонида мешавад, то ки шумо онро бигиред.
Агар рамзи Корти Миллиро фаромӯш карда бошед, ба рақами 544 занг занед, то ки кормандони маркази тамос ба шумо барои насби рамзи нав кӯмак кунанд.
Агар рамзи VISA Ҳуморо фаромӯш карда бошед, ба Ҳумо Онлайн ворид шавед ва дар қисмати «Кортҳо» тугмаи «иваз кардани PIN-код»-ро пахш намоед.
– Гирифтани нақд аз банкоматҳо дар як ҳафта – то 50 000 сомонӣ.
– Пардохти нақд дар кассаҳои филиалҳо ва агентҳои Хумо тавассути POS-терминалҳо – то 100 000 сомонӣ.