Доштани шиносномаи ҶТ ва РМА (ИНН)
Тавассути хазинаи офисҳои хизматрасонӣ, терминалҳои пардохтӣ ва замимаи Хумо Онлайн
Тавассути хазинаи офисҳои хизматрасонӣ, замимаи Ҳумо Онлайн ва ба Корти Миллӣ
Бале, ба андозаи 12%
Аз соли 2013 Хумо узви Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад. Амонатҳои шумо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ» суғурта карда мешаванд. Маълумоти муфассал дар сомонаи www.idif.tj
Системаи суғуртаи амонатҳо ва пасандозҳо — ин маҷмӯи тадбирҳоест, ки барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии амонатгузорон равона шудааст. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳодисаи суғуртавӣ дар муассисаҳои қарзие, ки узви Фонди суғуртаи амонатҳо ва пасандозҳо мебошанд, Фонд ба амонатгузорон ҷуброни суғуртавӣ пардохт менамояд.
Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи амонатҳо ва пасандозҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонатҳо ва пасандозҳо» танзим карда мешаванд. Фонд дар ҳолати рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ҷуброни суғуртавиро ба амонатгузорон пардохт мекунад, феҳристи ташкилотҳои қарзии шомил ба низоми суғуртаи амонатҳоро нигоҳ медорад, инчунин ҳисоб ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ анҷом медиҳад.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳодисаи суғуртавӣ, ҷуброни суғуртавӣ барои амонатҳо ва пасандозҳои зерин пардохт карда намешавад:
• амонатҳое, ки ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ дорад бо маблағи қарзи худи амонатгузор бо ӯ ҳисоббаробаркунӣ кунад;
• пасандозҳое, ки ҳамчун гарав гузошта шудаанд;
• амонатҳое, ки бо роҳи ҷиноятӣ ба даст оварда шудаанд ё аз ҷониби суд боздошт шудаанд;
• амонатҳое, ки ба андешаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бадтар кардаанд;
• амонатҳои шахсони алоқаманд бо ташкилоти қарзӣ, мувофиқи қонун муайяншуда, инчунин шахсоне, ки дар давоми як соли охир пеш аз барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин шумурда мешуданд;
• амонатҳои шарикони ширкати аудиторие, ки дар давоми соли тақвимӣ то рӯзи ба вуҷуд омадани ҳодисаи суғуртавӣ ҳамчун аудитор ҷалб шудаанд;
• пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки зиёда аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани фоида (бенефит) дар ихтиёр доранд;
• амонатҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир шудаанд;
• амонатҳое, ки ба андозаи ҳар гуна қарзи пардохтнашудаи амонатгузор ба ташкилоти қарзӣ баробар мебошанд;
• пасандозҳо бо маблағи камтар аз 10 сомонӣ.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳодисаи суғуртавӣ, мувофиқи қонун, андозаи ҷуброни суғуртавӣ барои пасандозҳои суғурташуда ба як амонатгузор дар як ташкилоти қарзӣ на бештар аз 35 000 (сиу панҷ ҳазор) сомонӣ муқаррар шудааст.
Фонд фоизҳои пасандозҳоро ҷуброн намекунад. Агар тибқи шартномаи депозитӣ пардохти фоизҳо ба ҳисоби пасандоз пешбинӣ шуда бошад, ҷуброн танҳо аз рӯи бақияи пасандоз пардохт карда мешавад.