Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон
Равзанаи бонкии исломии «Ҳумо» дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон», ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мешавад, ба аҳолии вилояти Хатлон мувофиқи принсипҳои бонкдории исломӣ маблағгузорӣ пешниҳод мекунад.Маблағгузорӣ тавассути созишномаи Муробаҳа амалӣ мегардад.Муробаҳа – ин созишномаест, ки тибқи он Равзанаи бонкии исломии «Ҳумо» молҳоро аз фурӯшанда бо хоҳиши харидор харида, ба насия мефурӯшад.Самтҳо: кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ, мурғпарварӣ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, фурӯш ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин хариди техника ва таҷҳизот.
Шартҳо:
Ҳаҷми маблағгузорӣ:
барои шахсони воқеӣ – то 250 000 сомонӣ.барои шахсони ҳуқуқӣ – то 500 000 сомонӣ.Мӯҳлати маблағгузорӣ:
аз 3 то 36 моҳ.
Нархи иловагӣ:
барои 12 моҳ – 10%.Таъминот (гарав):
амволи манқул ва ғайриманқул.Талабот ба муштариён:
Синну сол – зиёда аз 20 сол.Таҷрибаи корӣ – беш аз 6 моҳ.Надоштани қарз аз дигар бонкҳо ва ТАҚХ.Таърихи хуби қарзӣ.Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
Шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон,РМА.Аввалин шуда дар бораи хабарҳо ва пешниҳодҳои бонк огоҳ шавед