Кредит на животноводство
Қарз барои парвариши чорво ба мизоҷоне, ки сармояи парвариш ва нигоҳубини чорво ва инчунин қабули хизматрасониҳои ветеринарӣ доранд, дода мешавад. Қарз барои чунин намудҳои чорво дода мешавад: буз, гўсфанд, парранда, гов ва заргўш.
Методологияи қарздиҳӣ: инфиродӣ ва гурӯҳӣ;
Кафолат:
- барои шахсони инфиродӣ: амволи манқул ва ғайриманқул;
- барои гурӯҳ: кафолати гурӯҳӣ;
- барои шахсони инфиродӣ: аз 800 то 80 000 сомонӣ;
- барои гурӯҳ: аз 150 то 8 000 сомонӣ.
Фоизи солона: аз 27 то 31% бо сомонӣ.
Меъёри таъминоти гарави амонати пасандоз:
то 50 000 сомонӣ - на кам аз 10%, аз 50 000 сомонӣ зиёд - нест
Мӯҳлати имтиёзи: то 12 моҳ.
Ҷарима: 1%.
Ҳаққи комиссия: 1% аз маблағи қарз. Талаботҳои қарздиҳӣ барои шахсони инфиродӣ ва ба ҳар як аъзои гурӯҳ:
- Шахсони воқеӣ, синашон аз 20 сола боло;
- Дар соҳаи мазкур на кам аз 6 моҳ таҷрибаи корӣ доштан;
- Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ;
- Надоштани ӯҳдадориҳо назди шахсони сеюм;
- Фаъолияти соҳибкорӣ бояд даромаднок бошад.
Талаботҳои қарздиҳӣ барои гурӯҳ:
- Шумораи аъзоёни гурӯҳ аз 2 то 10 нафар;
- Мизоҷон бояд шиносномаи амалкунандаи ҶТ дошта бошанд;
- Аъзоёни гурӯҳ принсипҳои кафолати гурӯҳиро қабул кунанд.
Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:
- Талабномаи қарзӣ;
- Шиносномаи шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҷои истиқомат;
- Рақами мушаххаси РМА;
- Агар фаъолияти мизоҷ қайди давлатӣ дошта бошад, доштани шаҳодатнома ва ё патент.