Қарзҳо

Қарзи осон - роҳи қулай ва осони гирифтани қарз аз ҶСП ТАҚХ "Ҳумо" мебошад. Маблағҳои қарзиро ба тариқи зерин гирифтан мумкин аст:

  • Бо пули нақд дар идораҳои хизматрасонии ҶСП ТАҚХ "Ҳумо".
  • Ворид намудан ба кортҳои пардохтии ҶСП ТАҚХ "Ҳумо".
  • Ворид намудан ба ҳисоби ҳамёни мобилии “Humo Online”.
  • Маблағи минималии қарз - 50 сомонӣ
  • Маблағи максималии қарз - 3000 сомонӣ
  • Муҳлати қарз – то 3 моҳ

Хизматрасонӣ чӣ тавр пайваст карда мешавад?

1.    Барои пайваст намудани Хизматрасонӣ, ба яке аз идораҳои наздиктарини хизматрасонии ҶСП ТАҚХ "Ҳумо" бо нусхаи аслии шиносномаи амалкунандаи умумишаҳрвандӣ (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо қайди РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда) муроҷиат намоед.

2.    Аз мушаххаскунӣ гузашта, ҳуҷҷатҳои зеринро якдафъаина имзо намоед: "Созишнома оид ба пешниҳод ва коркарди маълумоти шахсӣ ва пешниҳод намудани он ба БҚИТ", "Шартнома оид ба кушодани суратҳисоби бонкӣ", "Шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасонии овердрафтӣ".

3.    Хизматрасонии "Қарзи осон" ройгон пайваст карда мешавад ва то лаҳзаи хомӯш кардани он аз ҷониби Муштарии ҶСП ТАҚХ "Ҳумо" амал мекунад.

Қарзро чӣ тавр бояд гирифт?

1.    Аввал ба “Humo Online” медароем → Қисмати “Бонки ман” → Кушодани маҳсулоти нав → “Қарзи осон” → Идома додан → Ирсол намудани дархост → Ба Шумо қарз ба маблағи масалан 50-1000 сомонӣ тасдиқ карда шуд →интихоби муҳлати қарз→ Ворид намудани маблағ. Масалан 100 сомонӣ → Усули гирифтани маблағро интихоб менамоем →

Ворид намудани маблағ ба ҳисоби  “Humo Online” ва ё ба ҳисоби корти пардохтии “Ҳумо

  • Муҳлати пардохти қарз давраи то 3 моҳро бо ихтиёри худи муштарӣ ташкил медиҳад.
  • Меъёрҳои фоизи қарз, инчунин ҷаримаҳо дар сурати таъхири пардохти қарз, дар "Шартномаи оид ба пешниҳоди Овердрафт" ва дар Офертаи ҶСП ТАҚХ "Ҳумо", ки дар сомонаи ҶСП ТАҚХ "Ҳумо" humo.tj ҷойгир карда шудааст, муайян карда мешаванд.


Диққат! Бо ирсоли дархост барои гирифтани қарз ба ҶСП ТАҚХ "Ҳумо", ба ин васила, Шумо тасдиқ менамоед, ки бо шартҳои гирифтан ва пардохт намудани қарз розӣ мебошед, инчунин ҳамаи шартҳои Офертаи ҶСП ТАҚХ "Ҳумо"-ро қабул менамоед ва бо он розӣ мебошед.

Қарзро чӣ тавр бояд пардохт кард?

Маблағи боқимондаро барои пардохти қарз ва муҳлати пардохтро дар барномаи “Humo Online” дар Қисмати → “Бонки ман” → Қарзҳо Қарзи осон тафтиш намудан мумкин аст.

  • Барои пардохти қарз аз тавозуни ҳамёни “Humo Online” бояд ба қисмати “Бонки ман” → Қарзҳо → Қарзи осон → Пардохти қарз гузаштан лозим аст.
  • Пардохти қарз инчунин тавассути ворид намудани пули нақд дар идораҳои хизматрасонии ҶСП ТАҚХ "Ҳумо" ва бо истифодаи терминалҳои пардохтии ҶСП ТАҚХ "Ҳумо" имконпазир мебошад.
  • Маблағи қарзро пурра дар як вақт ва ё бо қисмҳои алоҳида вобаста аз муҳлати интихобшудаи қарз аз лаҳзаи гирифтани он пардохт кардан мумкин аст.

 



бозгашт ба рӯйхат