«Диёри Хумо»

Агар ба шумо интиқол намудани маблағ дар дохили Ҷумҳурӣ зарур ояд, он гоҳ ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ба Шумо усули нави зуд ва боэътимоди интиқоли дохилии маблағҳои «Диёри Ҳумо»-ро пешниҳод менамояд.

Хизматрасонии мазкур интиқоли зуди маблағи нақдро бо асъори миллӣ – сомонӣ пешбинӣ менамояд, ки он ба қабулкунанда дар муддати якчанд дақиқа пас аз ирсол дастрас мешавад.

Интиқоли дохилии маблағҳои «Диёри Ҳумо» танҳо дар дохили шабакаи филиалии ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» амалӣ мегардад ва аз рӯи суроғаи воқеии филилаи қабулкунанда дода мешавад.

Маълумоти муфассал тавассути телефони (44) 640 55 44.

бозгашт ба рӯйхат