Маълумот

Ташкилоти «Ҳумо» тули 14 сол аст, ки дар бозори молиявии Тоҷикистон фаъолият карда, яке аз ташкилотҳои қарзии хурди пешқадам ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат Ташкилот дар сохтори худ дигаргуниҳо ва тағйиротҳо гузоштааст. Охирон тағйирот 7-уми августи соли 2013 дароварда шуд. Ташкилот аз Ташкилоти Қарзии Хурди «Ҳумо ва партнёрҳо» ба Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «Ҳумо» мубаддал гашт.

1-уми ноябри соли 2013 аз тарафи Бонки Миллии ҶТ ба ТАҚХ «Ҳумо» барои амалӣ намудани фаъолияти амонатӣ, иҷозатнома дода шуд. Рузи гирифтани иҷозатнома, дар таърихи Ташкилот нишони арзандаи худро гузошт. Ташкилот ба зиннаи навбатӣ дар роҳи инкишоф ва устуворӣ қадам гузошт. Пеш аз ин, аз соли 2008 Ташкилот бо номи ҶДММ Ташкилоти Қарзии Хурди «Ҳумо ва партнёрҳо» фаъолият мекард. Фонди Қарзии Хурди «Ҳумо», ҳамчун муассиси ҶДММ ТҚХ «Ҳумо ва партнёрҳо» баромад кард. Дар навбати худ Фонди Қарзии Хурди «Ҳумо» пайрави барномаи қарзии хурди «CARE International» дар Тоҷикистон мебошад. Дар соли 2004 бо қабули қонуни ҶТ «Дар бораи маблағгузории хурд», «CARE Tajikistan» барномаи қарзии хурдро ба фонди иҷтимоии маҳаллӣ мубаддал намуд, ки он ба табақаҳои озордидаю камбизоати аҳолӣ хизматрасониҳои молиявии дастрасро пешниҳод менамояд.

Моҳи ноябри соли 2004 дар «CARE Tajikistan» оид ба «номи беҳтарин» барои ташкилоти молиявии таъсисшаванда озмун эълон шуд. Аз рӯи ҷамъбасти озмун номи «Ҳумо» интихоб шуд. Фаъолияти Ташкилот бо рамзи афсонавии паррандаи достонзеби Ҳумо муттаҳид мебошад. Ҳумо паррандаи афсонавиест, ки ранги заррин дорад — рамзи офтоб, таҷаддуд ва ният. Аз рӯи ривоят, паррандаи Ҳумо аз болои шахсе парида гузарад, ба ӯ хушбахтӣ меорад.

Моҳи декабри соли 2004 ФҚХ «Ҳумо» дар Вазорати Адлияи ҶТ расман ба қайд гирифта шуд, ки ин ба амалбардории нақшаҳои фонд асос гузошт. Яке аз нахустин ташкилотҳои молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сертификати Бонки Миллии ҶТ соҳиб шуда буд, маҳз ФҚХ «Ҳумо» буда, шаҳодати онро медод, ки Фонд ба ҳамаи талаботҳои қонунҳои ҷумҳурӣ мувофиқ буд, ва барои оғози фаолияти худ захираҳои кифоякунанда дошт. Ин 15 марти соли 2005 воқеъ гардид. Сертификати мазкур ба оғози фаъолияти молиявӣ, яъне тақсимоти қарзҳои хурд ба аҳолие, ки ба хизматрасониҳои бонкӣ дастрас нест, ҳуқуқ медиҳад. Қарзи якум 28-уми марти соли 2005 ба хазинадори гурўҳи қарзии «Таманно»-и ноҳияи Ёвон — Зоирова Рузигул, ба миқдори 5700 сомонӣ дода шуд.

Дар муддати чор соли фаъолияти худ Фонди Қарзии Хурди «Ҳумо» мавқеъи кори худро васеътар намуда, дар моҳҳои ноябри соли 2008, дар 25 ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои Душанбе, Ёвон, Кулоб ва Қурғонтеппа аҳолии камбизоатро бо хизматрасониҳои молиявии хурди дастрас таъмин менамуд. Бо вуҷуди ин барои пешравии Ташкилот ҷалб намудани сармоягузорӣ лозим буд, ки ба амалбарории он дар ҳолати фонди иҷтимоӣ имконнопазир буд. Бо ин мақсад оид ба таъсис додани ташкилоти нави «Ҳумо ва партнёрҳо» қарор қабул карда шуд. Баъд аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 17-уми октябри соли 2008 аз ҷониби ташкилоти нав, фонди қисми асосии сармоя ва ӯҳдадориҳои худро ба ҳамаи мизоҷону мавзеи кор ба ТҚХ «Ҳумо ва партнёрҳо» супорид. Дар айни ҳол Фонди Қарзии Хурди «Нури Ҳумо» фаъолияти худро дар яке аз ноҳияҳои душвор фатҳи Ҷумҳурӣ — Варзоб идома дода истодааст.

Тартиби баррасии муроҷиатҳо

Ҳайати раёсат

Саҳмиядорони Ташкилот

Оргструктура

Руйхати шахсони вобаста

Тавозун ХФЗ ва меъёрҳои мақбул

Иҷозатнома

Оиннома