Комёбиҳои мо

  • ТАҚХ «Ҳумо» — ташкилоти бо фаъолияти васеъи ҷуғрофӣ буда, дар зиёда аз 40 ноҳияҳои ҶТ ва шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Ёвон, Кулоб, Данғара, Хуҷанд, Исфара ва Истаравшан фаъолият мекунад. Ташкилот дар тўли 10 соли фаъолият дар бозори молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 филиалҳо, 36 маркази хизматрасонии хазинавӣ, 5 маркази ҳисоббаробаркунии хазинавӣ ва 34 нуқтаҳои хизматрасонӣ ба хизматрасонии мизоҷон таъсис додаст. Ба дастгирии вилояти Хатлон Ташкилот диққати махсус медиҳад. Зиёдкунии шумораи бахшҳо, баландсифатии хизматрасонии мизоҷон, пешниҳоди хизматрасониҳои дастрасу дархостӣ, мавқеи Ташкилотро ҳамчун яке аз пешсафон дар соҳаи маблағгузории хурд устувор менамояд.
  • Дар барномаи иттилоотии умумиҷаҳонии «MIX Market», Ташкилот миқдори ниҳоят зиёди панҷ «алмосҳо»-ро гирифт. Чунин ситемаи алмосҳо сатҳи шаффофияти ташкилоти молиявии хурдро нишон медиҳад.
  • Ташкилот мувофиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, ки дар зимни ин самарабахшона идора намудани Ташкилот, муносибатҳои хуб бо бонкҳои шарикон, мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, сифати баланди хазматрасонии  мизоҷон фаҳмида мешавад,  фаъолият менамояд.
  • Ташкилоти мо, ба сегонаи ташкилотҳои қарзии хурди пешрав, аъзоёни  АМФОТ дохил мешавад. Ҳаҷми сандуқи қарзии аъзоёни  АМФОТ дар байни Ташкилотҳои молиявии хурд 95%-ро дар бар мегиранд, боқимонда 5%-ро ТМХ-и  хурду миёна, ки аъзоёни АМФОТ нестанд,  ташкил медиҳанд. Миқдори мизоҷони фаъоли, ташкилотҳои молиявии хурди аъзоёни АМФОТ,  аз рӯи нишондодҳои моҳи декабри соли 2013, ба  241 435 мизоҷ расидааст, ки  14,31%-и он   мизоҷони ташкилоти «Ҳумо» мебошанд. Сандуқи қарзии аъзоёни АМФОТ  1 млрду 280 ҳазору 564 сомони буда, 10,87% он ба ташкилоти мо тааллуқ дорад.
  • Ташкилоти «Ҳумо» ба хизматрасонии аҳолии деҳот диққати махсус медиҳад, аз ин сабаб, 77% и сандуқи карзии фаъол  ба хизматрасониии аҳолии деҳот равона  шудааст.  Зиёда аз 30%-и сандуқи қарзии ташкилотро, карзҳои гурўҳӣ ташкил медиҳанд, ки ин; моҳияти  маблағгузории хурдро инъикос мекунад. Дар карздиҳии гурўҳӣ гарав пешниҳод кардан зарур нест, танҳо кафолати аъзоёни гурўҳ лозим аст. Дар тамоми муддати фаъолияти худ, Ташкилот воситаҳои кори самаранокро дар қарздиҳии инфиродӣ ва махсусан гурўҳӣ такмил дода, бо муваффақият истифода мебарад. Диққати махсусро ташкилот ба занҳо медиҳад, ки онҳо 45% аз шумораи умумии мизоҷони  фаъолро ташкил медиҳанд. Ҷалб кардани занон ба ҷараёни инкишофи соҳибкорӣ  дар чумҳурӣ ва нақши зан дар оила яке аз афзалиятҳои  Ташкилот мебошад. Кори ширкат ба иҷроиши мақсадҳои иҷтимоии  Ташкилот равона карда шудааст, ки он иборат аз дасгирии соҳибкории хурду миёна ва сектори хоҷагии қишлоқ дар ноҳияҳои камбизоати Ҷумҳурӣ аст.
  • Сабаби комёбиҳои Ташкилот ин иқтидори эҷодкоронаи ҳар як корманди мо мебошад. Мо тамоми муваффақиятҳо ва қадамҳои кормандони худро дар рафти фаъолияти онҳо пеши назар оварда, аз он арзёбӣ мекунем, зеро ки он ба ҳудудҳои нав баромадани сифати кори Ташкилот таъсир мебахшад. Соли 2005 усули нави ҳавасмандгардонии кормандон ворид карда шуда буд, ки барои инкишоф ёфтани кормандон ва самаранокии  кори онҳо  дар Ташкилот нақши муҳимро мебозад. Барои ба натиҷаҳои баланд ноил гардидани кормандон, Ташкилот ҳар моҳ, ҳар семоҳа ва ҳар сол мукофотпулиҳо пешниҳод менамояд. Дар Ташкилот барои кормандон шароити муфиди корӣ ва муҳити мусоид фароҳам оварда шудааст, зеро бо ташаббуси фаъолияти пурсамари онҳо Ташкилот боиси пешрафту сазовори дастовардҳои бепоёни мегардад.