«ADB»

Қарзҳо дар доираи лоиҳаи «ADB» барои маблағгузории лоиҳаҳои шахсӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҷори намудани технологияхои нави замонавие, ки барои мутобикшавии тағйиротҳои иқлим дар ҳавзҳои дарёи Панҷ (Панҷ, Қумсангир , Н. Хисрав , Шаҳритуз, Ҳамадони, Фархор, Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Темурмалик, Дангара, Қурғонтеппа) мусоидат мекунад, равона карда шудаанд.

Лоиҳа аз чунин қисматҳо иборат аст:

1. Ташкили системаи мустаҳками муҳофизати аз обхезиҳо ва идора намудани хавфи ҳодисаҳои нохуши табиат.

2. Таъсиси системаи беҳатару устувори обёрикунанда, бо назардошти барқароркунии инфрасохтори обёрикунандаи на он қадар калон.

3. Кӯмак расонидан дар ташкили системаи нисбатан устувори таъмини оби нӯшоки, аз он ҷумла   барқароркунии инфрасохтори таъминнокии оби нӯшоки дар табақаҳои хеле эҳтиёҷманди ҷомеа  ва ташкили гурӯҳҳои потенсиалии истифодабарандагони об.

4. Ташкили маблағгузории хурд бо мақсади таъмини хизматрасониҳои молиявӣ ба гурӯҳҳои  эҳтиёҷманд, хусусан ба занон ва инчунин  пешбарии устувории иқлимӣ.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ба аҳоли хизматрасониҳои машваратӣ оиди тарзҳои гуногуни самаранок истифодабарии об, зироатҳои ба тағйироти иқлим устувору тобоваранда, мубориза алайҳи зараррасонҳои нав ва бемориҳое, ки дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ё ин ки тағйироти реҷаи обӣ сар мезананд, инчунин барқароркунии ҳосилнокии замин расонида мешаванд. Таъсирбахшии лоиҳа дар мукаммал гардонидани сарчашмаҳои мавҷудияти табакаҳои ҷомеа дар водии дарёи Панҷ, ки ба тағйиротҳо ва ноустувории иқлим тобовар нестанд, инъикос мегардад.

Қарзҳо бояд барои технологияи мавҷудбуда ва наве, ки самаранокии баланди истифодабарии об, барқ ва заминро таъмин мегардонанд, истифода бурда шаванд.

Ба истифодабарандагони қарзҳои мазкур барои ҳалли масъалаҳои  интихоби технология ва  таҷҳизот имконияти мустақилонаи интихоби таъминкунандагон ва насбкунандагони технология дода шудааст.

Тартиби маблағгузориро аз рӯи лоиҳаи «ADB» бонки рушди Осиё коркард намудааст.

Қарзҳои ташкилот дар доираи лоиҳа барои фермерон, хочагиҳои деҳқонӣ, сохибкорон ва хоҷагидорон (хоҷагиҳои шахсӣ) дастрас мебошанд.

Қарзҳо барои технологияхои омехтаи тасдикшуда ва нав аз рӯи талаботҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дида баромада мешаванд.

Ба қарзгирандагон кӯмакҳои техникӣ расонида мешаванд ва инчунин машваратҳо барои ёри додан дар қарори лозими баровардан оид ба қарзҳои мазкур пешниҳод карда мешаванд.

Яке аз шартҳои асосии пешниҳоди қарзҳо аз рӯи ин лоиҳа максаднок истифода бурдани қарзи гирифташуда мебошад.

Карзҳо дар доираи лоиҳа танҳо барои сектори хоҷагии қишлоқ аз рӯи барномаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • Насби системаи обтаъминкуни ва назорат аз рӯи таъминнокии об (объёрии қатравӣ).

  • Хариди доруҳои минералӣ ва тухмиҳо.

  • Чорвопарварӣ ва парвариши зироатҳои донагӣ.

  • Ташкили боғҳо ва гармхонаҳо.

  • Парвариши зироатҳое, ки талаботашон ба объёри камтар мебошад.

  • Беҳтар намудани шароитҳо ё ин ки сохтмони биноҳои нави анбор, аз он ҷумла, барои нигоҳдории чорво.

Карзҳо бо мақсади гуногунсозии (диверсификатсияи) даромадҳои як хоҷагидорӣ дода мешаванд. Яъне, агар хоҷаги як манбаи даромад дошта бошад, ба ӯ барои ташкили манбаи даромади иловагӣ имконият фароҳам оварда мешавад.

Манфиатҳо:

  • Беҳтар намудани шароитҳои зиндагӣ.

  • Кам кардани хароҷоти истифодаи барқ.

  • Беҳтар намудани таъминнокии об барои истифода.

  • Ҷори намудани системаи бехатари назоратӣ.

  • Идораи самараноки замин.

  • Сарфакунонӣ.

  • Зиёд намудани арзиши хоҷагии деҳқонӣ.

  • Самаранок истифода бурдани об ва барқ.

  • Идоракунии босифат ва самаранок.

  • Рақобатпазирии баланд.

  • Технология ва таҷхизотҳои замонавие, ки дорои маҳсулнокии баланд мебошанд.

Шарту шароитҳои қарздиҳӣ:

Қарзҳо дар доираи лоиҳаи «ADB» бо асъори сомони пешниҳод карда мешаванд ва оид ба шартҳои қарзгири бо мӯҳлати то 48 моҳ бартариятҳои муайян доранд.

Пешниҳоди дархости қарзӣ:                                                                                              

Дархости худро ба почтаи электронии web@humo.tj равон кунед, то ки мутахассисони мо бо шумо дар тамос шаванд ё ин ки ба яке аз идораҳои филиалҳои мо дар минтақаҳои  фарогирии лоиҳаи мазкур ташриф оред. 

бозгашт ба рӯйхат