Асосӣ Барои тиҷорат

Хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ

ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» хизматрасонии ҷадидро барои мизоҷони худ пешниҳод менамояд. Ин хизматрасонӣ - хизматрасони ҳисоббаробаркунию хазинавӣ буда барои шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ дорад.

Бартарии ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ барои мизоҷон чунин аст:

  • Баҳисобгири фаъолияти кории ҳар як мизоҷ;
  • Шафофияти фаъолият оиди гузаронидани амалиёт;
  • Зуд ва қулай гузаронидани амалиёт тариқи суратҳисобҳо;
  • Нигоҳдорӣ ва ҳифзи дороиҳо-маблағҳои мизоҷон;
  • Мубодила, табдили маблағҳо ба асъори хориҷӣ;
  • Тарофаҳои дастрас барои мизоҷон;
  • Маслиҳатҳои коршиносони Ташкилот оиди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ;
  • Хизматрасонии босифати хазинавӣ;
  • Назорати асъор ва ҳисоббаробаркунӣ.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои соҳибкорони инфиродӣ:

  • Нусхаи Шаҳодатномаи соҳибкорӣ;
  • Нусхаи Иқтибос аз феҳрести ягонаи давлатӣ;
  • Мактуби ахборотӣ;
  • Варақаи намунаи имзо ва нақши мӯҳри соҳибкори инфиродӣ дар се нусха.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои шахсони ҳуқуқӣ:

  • Нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
  • Нусхаи Иқтибос аз феҳрести ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ;
  • Мактуби ахборотӣ;
  • Гувоҳнома (РМА);
  • Варақаи намунаи имзо ва нақши мӯҳри соҳибкори инфиродӣ дар се нусха;
  • Нусхаи Қарор дар бораи таъмини Роҳбар ва Сармуҳосиб;
  • Нусхаи шиносномаҳои Роҳбар ва Сармуҳосиб;
  • РМА (Роҳбар ва Сармуҳосиб).

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ):

  • Нусхаи Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин;
  • Нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
  • Нусхаи Иқтибос аз феҳрести ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ;
  • Мактуби ахборотӣ;
  • Гувоҳнома (РМА);
  • Варақаи намунаи имзо ва нақши мӯҳри соҳибкори инфиродӣ дар се нусха;
  • Нусхаи пайнавишт дар бораи таъмини Роҳбар ва Сармуҳосиб;
  • Нусхаи шиносномаҳои Роҳбар ва Сармуҳосиб;
  • РМА (Роҳбар ва Сармуҳосиб).

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои ташкилотҳои қарзӣ:

  • Нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
  • Нусхаи Иқтибос аз феҳрести ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ;
  • Нусхаи Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон;
  • Мактуби ахборотӣ;
  • Гувоҳнома (РМА);
  • Нусхаи Қарор дар бораи таъмини Роҳбар ва Сармуҳосиб;
  • Нусхаи шиносномаҳои Роҳбар ва Сармуҳосиб;
  • РМА (Роҳбар ва Сармуҳосиб).

Мизочони мӯҳтарам, намунаи «Дархост оиди кушодани суратхисоби бонки» аз сомонаи зерин: Дархост.docx дарёфт карда маълумотҳои худро пур намуда ба суроғаи зерин: sergey@humo.tj ирсол намоед.

Н А Р Х Н О М А И  
хизматрасонии ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» бо мизоҷон

  1. Подоши комиссия аз рӯи Тарофаҳои ТАҚХ «ҲУМО» (комиссия) бо асъори миллӣ ситонида мешавад. Зимни хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ комиссияҳо бо асъори пардохт ё бо асъори миллӣ аз рӯи қурби ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи амалиёт ситонида мешаванд.
  2. Ҳамаи хароҷотҳо (барои почта, телеграф, комиссияҳои ТАҚХ - корреспондентҳо, пардохти хизматрасонии нотариалӣ ва ғ.), ки ТАҚХ зимни иҷроиши супоришҳои Мизоҷ мекунад, аз ҷониби Мизоҷ аз рӯи арзиши амалӣ ҷуброн карда мешавад.
  3. ТАҚХ барои нишониҳои нодурусти ҳуҷҷатҳои пардохт, ки аз тарафи мизоҷон пешниҳод гардидаанд ва барои таъхир, хатогиҳо, эзоҳи нодуруст, ки натиҷаи номафҳумӣ ва ё нопуррагии дастурамалҳои амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шудаанд, ҷавобгар нест.
  4. Дар ҳолати бекоркунии супориши Мизоҷ комиссияи ситонидашуда баргардонида намешавад.
  5. Дар ҳолатҳои махсус, бо созиши тарафайн, ТАҚХ метавонад барои ҳар як амалиёти аниқ ҳаққи хизмати муқарраргардидаро тағир диҳад.
  6. ТАҚХ ҳақ дорад ба тарофаи мазкур тағирот ва/ё иловаҳо дохил намояд, баъд аз мутобиқкунӣ дар сохторҳои дахлдор бо ихтиёри худ бо огоҳии минбаъдаи мизоҷон ва бонкҳои корреспондентӣ.
  7. Тарофаҳо ва шартҳои мазкур аз санаи 15 ноябри 2021 с. эътибор пайдо мекунанд.
Тарофа барои шахсони ҳуқуқӣ

Заявка на открытие расчётного счёта