Конунигардонии маблаг
Маҳсулоти амонатии муҳлатнок «Қонунигардонии маблағ»Маълумот оиди амонат:
- Асъори амонатӣ - сомонӣ ва доллари ИМА;
- Фоиз - 16,5% бо сомонӣ ва 6% бо доллари ИМА;
- Маблағи минималӣ барои кушодани пасандоз - 100 000 сомонӣ ё 10 000 доллари ИМА;
- Муҳлати амонат - баробар ва ё зиёда аз 365 рӯз;
- Тарзи ҳисоби фоизи амонат - рӯзона;
- Пардохти фоизҳо - моҳона, як маротиба дар як моҳ;
- Дастрас намудани дивидендҳо - тавассути хазина ва корти пардохтии бонкӣ;
- Аз фоизҳои ҳисобшуда андоз ситонида намешавад. Комиссия - 0%.
- Хуҷҷатҳои лозима барои кушодани пасандоз – Шиносномаи ҶТ, РМА ва ариза барои кушодани суратҳисоб;
- Амонат зиёд (пурра) карда намешавад;
- Дар ҳолати пеш аз қатъ гардидани шартномаи амонатӣ, 5% аз маблағи асосии амонат ба буҷети давлат ситонида мешавад;
- Дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ гардидани шартнома, фоизҳо аз руй 2% (асъори миллӣ) ва 0,1% (асъори хориҷӣ) солона ҳисоб карда мешавад.
Аз 2013 сол ҶДММ ТАҚХ “Ҳумо” узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони вокеӣ мебошад. Пасандозҳои Шумо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» суғурта карда мешаванд.Маълумоти муфассал дар сомонаи www.idif.tj