Доступ к исламскому финансированию
Лоиҳаи “БЕҲТАР НАМУДАНИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН”, қисмати B – ДАСТРАСИ БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ.
Пешниҳоди маблағгузории исломӣ ба кишоварзон ва аҳолии деҳот барои занҷираи арзиши иловашуда (зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, парвариши занбури асал, моҳӣпарварӣ, паррандапарварӣ ва истеҳсол, коркард, нагаҳдорӣ, фурӯш ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин хариди техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ) ва рушди маҳалли деҳот дар вилояти Хатлон мебошад.
Равзанаи бонкии исломии “Ҳумо” дар доираи лоиҳаи “БЕҲТАР НАМУДАНИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН”, ки аз ҷониби Бонки исломии рушд маблағгузорӣ карда мешавад ба аҳолии вилояти Хатлон маблағгузорӣ тибқи принсипҳои бонкдории исломӣ пешниҳод менамояд.
Маблағгузорӣ тариқи аҳди Муробаҳа карда мешавад.
МУРОБАҲА – аҳдест, ки мутобиқи он Равзанаи бонкии исломи “Ҳумо” бо дархости муштарӣ молро аз фурӯшанда харидорӣ намуда, бо иловаи изофапулӣ (наценка) ба муштарӣ ба насия мефурӯшад.
Шартҳо:
Ҳаҷми маблағгузорӣ:
ба шахсони воқеӣ то 250 000 сомонӣ;
ба шахсонӣ ҳуқуқӣ то 500 000 сомонӣ.
Муҳлати маблағгузорӣ: аз 3 то 36 моҳ
Изофапулӣ: ба 12 моҳ - 10%
Таъминоти маблағгузорӣ (гарав):
Амволи манқул ва ғайриманқул
Талабот ба муштарӣ:
- Сину сол аз 20 сола боло
- Таҷрибаи кори зиёда аз 6 моҳ
- Надоштани қарз аз дигар бонкҳо ва ТАҚХ
- Таърихи хуби қарзӣ
Ҳуҷҷатҳои лозима:
- Шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- РМА
Лоиҳа дар ноҳияи Хатлон амалӣ карда мешавад.
Тамос: 544