Шах Сохил Минодж

Сохил Шах

Investment of the Gojo & Company, Inc.

Аъзои Шӯрои Нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо»  

 

Сохил Донишгоҳи Мичиганро дар Энн-Арбор бо дараҷаи магистр дар соҳаи молия хатм намудааст ва дар Донишгоҳи Мумбай дараҷаи бакалавр дар соҳаи муҳандисии электронӣ гирифтааст. Пеш аз ҳамроҳ шудан ба Gojo, Сохил ба гуруҳи Aavishkaar-Intellecap шомил буд, ки дар он ҷо ӯ Intellecap Impact Investment Network, шабакаи "фариштаҳои тиҷоратӣ" дар марҳилаи аввалинро, ки ба сармоягузории стартапҳои таъсири иҷтимоӣ равона шудааст, роҳбарӣ мекард. Дар тӯли панҷ соли кори худ дар гуруҳ, ӯ тақрибан 35 сармоягузориро дар Ҳиндустон ва Африқои Шарқӣ роҳбарӣ намудааст, ки аз 6 ширкат баромада, 15 ширкати дигар даври минбаъдаи сармоягузориро ҷалб намудаанд.

Сохил, мутахассиси соҳаи бонкинги сармоягузорӣ бо таҷрибаи зиёда аз шаш сол дар Ҳиндустон ва ИМА, қаблан ҳамчун таҳлилгари калон дар Бонки Амрико фаъолият намудааст. Ӯ ба дастаи Global Investment Banking, бо таваҷҷӯҳи асосӣ ба соҳаи тандурустӣ шомил буд, ки дар он ҷо дар амалиёти муттаҳидшавӣ ва харидорӣ ба маблағи якчанд миллиард доллари ИМА иштирок намудааст. Қабл аз ин, ӯ бо гуруҳҳои бонкинги сармоягузорӣ дар Fortune Financial Services (Ҳиндустон) Ltd ва Crucible Capital Group дар Ню Йорк кор кардааст.

Ӯ бо оилааш дар Мумбай зиндагӣ менамояд.

бозгашт ба рӯйхат