Вазифаҳо

ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» — ин ширкати бомуваффакият ва босуръат ташаккулёбанда мебошад, ки дар он ҳар як корманд барои ба мартабаҳои баланд расидан имконият дорад. Аз байни кормандони оддие, ки Ташкилотро аз дохил мешиносанд ва ба манфиати Ташкилот кор мекунанд, роҳбарони беҳтарин  мебароянд. Бинобар ин, пешравӣ дар вазифа — ин на танҳо хоҳиши ҳар як корманд аст, балки сиёсати дохилии кадрии Ташкилот мебошад. Пешравии кормандони мо аз он шаҳодат медиҳад, ки комёбиҳо ба шахсоне муяссар мегарданд, ки онҳо дорои дараҷаи баланди худташаккулёбӣ буда, ҳамеша ба гуфтугӯ тайёр мебошанд ва ҳадафҳои худро барои ба мақсадҳои Ташкилот расидан равона месозанд. Инкишофи касбӣ дар ҶСП ТАКХ «Ҳумо» ин:

  • Дараҷаи баланди ихтисоси кормандон;
  • Усули муосири идоракунӣ;
  • Риояи (тарафдор будани) анъанаҳои меҳнатӣ;
  • Имкониятҳои муфид барои инкишофи касбӣ;
  • Кор дар як даста, муттаҳидият ва ҳамфикрӣ;
  • Музди меҳнати рақобатпазир ва пакети иҷтимоии ҷолиб.

Муҳити рақобатнок ва перспективаи инкишофи касбӣ дар Ташкилот боиси пешравии кормандон мебошад ва мо метавонем, ки ба иқтидори онҳо баҳои сазовор диҳем. Гуфтушунид бо номзадҳо ин мавзӯи гуфтугӯй дар сомона нест, балки мусоҳибаи ботафсил бо номзад мебошад. Шуморо ба сифати корманди Ташкилот ба кор даъват намуда, хоҳони онем, ки шумо тахассуси худро такмил дода, таҷрибаву касабаҳои навро соҳиб шавед ва барои худ боз ҳам имкониятҳои нави рушди касбиро дарёфт кунед. ТАҚХ «Ҳумо» ба мардону занон шароиту имкониятҳои баробарро фароҳам оварда, занони соҳибтаҷрибаро барои иштирок дар озмуни ҷойҳои кории холӣ даъват менамояд. Аз шахсони ҳавасманд ҳоҳишмандем, ки саволномаи шахсиро дар сомонаи мо ба тариқи он-лайн пур намоянд.

Ба саволномаи шахсӣ гузаред ё ин ки маълумотномаи мухтасари шахсиро ба идораи ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» бо суроғаи зерин ирсол намоед: ш. Душанбе, к. Н. Қарабоев 148/1. Инчунин шумо метавонед, тавассути почтаи электронӣ бо қайди номгӯи вазифаи холӣ ба суроғаи job@humo.tj маълумотномаи шахсии худро фиристонед.

Рақамҳо барои тамос: 239-19-56; 239-19-57; 239-19-58.

Барои пур кардани ариза барои ишғоли вазифа ба ишораи мазкур гузаред.